Фаъолияти бахши миллии "Хонуми ядроӣ"-и Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар маҷаллаи соҳавии Финландия муаррифӣ гардид
Дар шумораи 3/2026 маҷаллаи тахассусии Финландия ATS Ydintekniikka мақолаи муштараки намояндагони созмони «Занон дар соҳаи ядроӣ» (WiN) аз Финландия, Шветсия, Лаҳистон ва Тоҷикистон таҳти унвони «International Joint ICTP-WiN IAEA Workshop in Trieste» ба нашр расид. Мақола дар саҳифаҳои 8–11 ҷой дода шудааст.
Дар мақола натиҷаҳои семинари байналмилалии муштараки ICTP–WiN IAEA, ки рӯзҳои 20–22 майи соли 2026 дар шаҳри Триестеи Италия баргузор гардид, инъикос ёфтаанд. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Маркази байналмилалии физикаи назариявӣ (ICTP) ва созмони «Занон дар соҳаи ядроӣ »-и Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (WiN IAEA) доир гардида, тақрибан 30 иштирокчиро аз наздики 20 кишвари ҷаҳон ба ҳам овард.
Муаллифони мақола Ҷенна Ярвенпяя (WiN Finland), Анна Нюстрём (WiN Sweden), Ядвига Найдер (Ҷамъияти аврупоии ҳастаӣ – ENS) ва Меҳрангез Муминова (WiN Tajikistan) мебошанд. Дар он масъалаҳои рушди касбӣ, роҳбарӣ, такмили малака ва салоҳият, устуворӣ, фарҳанги бехатарӣ, роҳнамоии касбӣ ва таҳкими нақши занон дар соҳаи илм ва технология баррасӣ шудаанд.
Зимни семинар иштирокчиён таҷрибаи худро оид ба ҷалби мутахассисони ҷавон, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави рушди касбӣ мубодила намуданд. Ҳамчунин, ба масъалаҳои таҳкими робитаҳои касбӣ, мубодилаи дониш ва таҷриба ва рушди ташаббусҳои муштарак таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар мақола фаъолияти WiN Tajikistan ва саҳми он дар ҷалби ҷавонон, бахусус духтарон ва занони ҷавон, ба самтҳои илм, технология, муҳандисӣ ва математика (STEM), илми ҳастаӣ, бехатарии радиатсионӣ ва технологияҳои ҳастаӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, таҷрибаи шашсолаи ташкилот дар баргузории чорабиниҳои маърифатӣ, семинару машғулиятҳои омӯзишӣ, боздидҳои техникӣ ва барномаҳои иттилоотию маърифатӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯён муаррифӣ шудааст.
Нашри чунин мақолаҳо дар маҷаллаҳои тахассусии байналмилалӣ барои муаррифии таҷрибаи кишварҳо, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва касбӣ ва баланд бардоштани нақши занон дар рушди соҳаи ядроӣ аҳамияти муҳим дорад.
Қобили зикр аст, ки донишҳои бадастомада ва робитаҳои касбии дар доираи семинар барқароргардида ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи байналмилалӣ ва омодагӣ ба баргузории Конфронси ҷаҳонии WiN Global 2027 мусоидат хоҳанд кард. Конфронси мазкур рӯзҳои 18–22 октябри соли 2027 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.